ҶАШНГИРИИ РӮЗИ МАВОЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР БОХТАРИ БОСТОН

 Дар назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва дигар бошандагони шаҳри Бохтар бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани рӯзи шахсияти бузургу барҷастаи адабиёти тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангии бошукӯҳ баргузор гардид.

 Муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода суханронӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамагонро ба ин ҷашнвора шодбош гуфт. Изҳор гардид, ки барои зинда нигоҳ доштани чунин шахсиятҳои нотакрор ва нобиғазони адабиёт чорабиниҳои зиёде бо ҷалби наврасону ҷавонон гузаронида мешаванд. Илова гардид, ки Мавлоно Балхӣ аз нобеғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун Худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад.

 Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати нави сухан назму насро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот ишқро бар имон ҳаётро ба марг оштиро ба ҷанг таҳким медиҳад.

  Қисмати дигари чорабиниро барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанг ва театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳр ташкил медод, ки аз саҳнаҳои пандомӯз, суруду мусиқӣ ҷаззобу баландмазмун иборат буданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.