КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БОБИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚИ КӮЛОБ

  Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии сайёҳӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.Директори китобхона Саймуҳаммад Обидов иштирокчиёни коференсияро хайра мақдам гуфта, сухани нахустро ба мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Баҳриддин Азизов доданд. Мавсуф оиди вазъи соҳаи сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои рушди он изҳори назар намуда, қайд намуд, ки шуъбаи навтаъсис баҳри ҳадафҳои дар ин соҳа доштаи Ҳукумати кишвар, минҷумла сазовор ҷамъбаст намудани соли равон ба сифати «Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ» тадбирҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст.

  Директори генералии маҷмааи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотам Раҷаб дар мавзуи  «Нақши осорхонаҳо дар рушди туризм», устоди Донишкадаи техналогия ва менеҷменти иноватсионии шаҳри Кӯлоб М.Саъдуллоев оиди «Таҳқиқи проблемаҳо ва захираҳои соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб», Гулрухсор Шарифова, муовини ректори Донишкадаи мазкур дар хусуси «Рушди инфросохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб», Шералӣ Гадоев, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар боби «Ҳудудҳои муҳофизатшаванда омили пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар мамнунгоҳи Дашти Ҷум», Рухшона Иброҳимова, устоди Донишгоҳӣ номбурда дар мавзуи «Имкониятҳо ва монеъаҳои рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб», Шарбону Давлатова, донишҷӯи ДТМИК дар бораи «Модели рушди иноватсионӣ ва сайёҳӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб» ва донишҷӯи ДДК Саҳмия Акрамова дар боби «Модели рушди иноватсия ва сайёҳӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» баромад намуданд.

  Дар ҷамъбасти кори конференсия фарҳангишиноси шинохта Амир Сайиди Мункӣ- директории осорхонаи ноҳияи Ховалинг, Зафар Муродов, рӯзноманигор ва боз чанде аз иштирокчиён ба сухан баромада, сари мавзуъҳои қироат гашта, изҳори назар намуданд.  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.