Қайдҳо аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

  Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати панҷум бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва вакилони шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

  Дар иҷлосия муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони раёсатҳо,мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, раисони маҳаллаҳо, сардорони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

  Дар машварат ахбороти раиси комиссияи интихоботӣ оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаи №40 ба ҷойи вакили хориҷшуда, ворид намудани тағъирот ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва шуғли аҳолӣ, оид ба фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам ва сил дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, «Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила» шунида шуда қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардид.

  Зимни баромади худ оид ба фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам ва сил дар шаҳру деҳоти Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова қайд кард, ки бо мақсади пешгирии бемориҳои вирусӣ норасоии масъунияти одам ва бемории сил дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» амри раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло ба тасвиб расид. Тибқи амри зикргардида аз ҳисоби шахсони масъул гуҳи корӣ таъсис дода шуд.

  Гуруҳи корӣ бо мақсади ҳамаҷониба омӯхтани масъалаи мазкур сараввал фаъолияти муассисаҳои тандӯрустии шаҳру деҳоти Кӯлобро ҷиҳати пешгирии бемориҳои вирусӣ норасоии масъунияти одам ва силро мавриди санҷиш қарор доданд. Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзи 12.05.2018 нисбати масъалаи мазкур чунин ибрози назар намуда буданд:

  Башарият имрӯз аз офатҳои табиии вобаста ба гармшавии иқлим – хушксолӣ, камобӣ, селу обхезиҳо, офатҳои техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам, инчунин маводи мухаддир зарари зиёд мебинад.

  Масалан, танҳо дар кишвари мо аз бемории вируси норасоии масъунияти одам, ки ду – се даҳсола пеш дар байни мардумамон умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар ва дар даҳ соли охир аз бемории нашъамандӣ зиёда аз 500 нафар фавтидаст”.

  Воқеан, бемории вируси норасоии масунияти одам дар солҳои охир тамоми ахли башарро ба ташвиш овардааст. Аз рӯи маълумоҳои ташкилоти умумиҷаҳонии тандурурстӣ дар як сол дар ҷаҳон 2,1 миллион нафар аз ин беморӣ сироят меёбад. Аз ин беморӣ 40-миллион нафар фавтида, зиёда аз З6-миллион нафар ба ин беморӣ гирифторанд. Ба ин беморӣ новобаста аз миллат, ҷинс ва сину сол ва мансубият ба ин ё он дин ба ҳар як шахс хатари сироятёбӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз ҷомеаи шаҳрвандии мо бояд дар бораи пайдоиш, пешгирӣ ва роҳҳои паҳншавию гузариши ин беморӣ маълумот дошта бошад.

  Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бошад 814-ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 566 (69,5%) ҳодиса дар байни мардон ва 248 (31,5%) ҳодиса дар байни занон мебошад. Аз микдори умумии сироятёфтагон 446- ҳодиса ё 55% дар байни нашъамандони тазриқӣ, ки аз инҳо 442-нафар мардон ва 4-нафар мутассифона занҳо мебошанд, 111-ҳодиса ё 13,6% дар байни ҳамсарҳои нашъамандони тазриқӣ ва 14-ҳодиса ё 1,7% дар байни кӯдакони нашъамандони тазриқӣ буда ҷамъ 571 ҳодиса ё 70,3%-сироятёфтагон аз ҳисоби оқибатҳои бемории нашъамандӣ буда, теъдоди зиёди сироятёфтагон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб умр ба сар мебаранд. Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ дар ҳамин давра 275 нафар, ки аз инҳо 1 1 1 нафар мард ва 194 нафар занҳо ва бо роҳи аз модар ба кӯдак гузоштан 26 нафар ва бо роҳҳои номаълум 6 нафар мебошад.

  Пеш аз ҳама лозим ба ёдоварист, ки аз 17- марти соли 2009 дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб бо Қарори раиси шаҳр Маркази пешгирӣ ва мубориза ба бемории вируси норасоии масъунияти одам дар ҳаҷми 23-воҳиди корӣ ташкил гардида буд, ки аз ин 9-воҳиди кории маълумоти олидори тиббӣ, 9,5 воҳиди кории маълумоти миёнаи тиббӣ ва 4.5 воҳиди кориро кормандони дигар ташкил намудааст. Марказ аз 3-шуъба – шуъбаи эпидемиологӣ, шуъбаи диспансерӣ ва шуъбаи таҳлилгоҳӣ иборат буда, алҳол дар бинои маркази саломатии №2-и шаҳри Кӯлоб дар ошёнаи 4-ум бо дарбаргирии 6-нафар табибон бо маълумоти олии тиббӣ ва 11- нафар ҳамшираҳои дорои маълумоти миёнаи тиббӣ тибқи Оиннома фаъолият доранд.

  Бино ба иттилои директори Маркази пешгири ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии массуняти одам Расулов Алишер таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала махсус равона шудааст. Чунончӣ аз 25-феврали соли 2017, таҳти №289 Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва дар ин замина Қарори раиси вилояти Хатлон аз 5- апрели соли 2017, №74 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ «Барномаи муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон барои солҳои 2017- 2020» ва 15-майи соли 2017, № 478 Қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида то имрӯз корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

  Дар соли 2017 ва 8-моҳи соли 2018 дар 2-нуқтаи боварӣ ва 1 – утоқи дӯстона харидории сузандорӯ ва рифолаҳо барои амалисозии Барнома ба маблағи 131 ҳазору 441 сомонӣ аз тарафи «Хазинаи глобалӣ» маблағгузорӣ шудааст. Инчунин, Марказ барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар байни нашъамандон бо маркази вилоятии пешгирии бемории нашъамандӣ дар шаҳри Кӯлоб воқеъ буда ҳамкорӣ дошта, ҳамаи нашъамандон ҳатман аз ташхиси вируси норасоии масъунияти одам мегузаранд ва мутобиқи нақшаи Барномаи миллӣ харидории сузандоруҳо, харидории «метадон» ва барои амалисозии барномаи табобат ивазкунанда ва харидории дорувории «налаксон» ба роҳ монда шудааст.

  Пурзур намудани заминаи моддию техникии ташхисгохи маркази вируси норасоии масъунияти одам зери назорати доими қарор дорад. Аз ҷумла нисбати хизматрасониҳо, дар масъалаи тесткунонӣ ва ташхиси сарбори вируси, маркази ВНМО -и шаҳри Кӯлоб бо дастгирии мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлати шаҳр ва ташкилоти байналмилали «Духтурон бидуни марз» ва «Хазинаи глобалӣ» пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ аз қабили таҷҳизотҳои гематологии хун, таҷҳизот барои таҳлили биохимиявии хун, таҷҳизот барои таҳлили гепатитҳои В ва С ва Вируси Норасоии Масъунияти Одам бо усули Таҳлили имунноферментӣ таъмин шудааст. Ҳамаи шахсони сироятёфтаи бемории ВНМО дар Марказ ба таври ройгон аз таҳлили умумии хун ва пешоб, таҳлили биохимиявии хун, таҳлили гепатитхои В ва С инчунин таҳлили хун барои бемории ВНМО бо усули фаврӣ ва бо тахлили имуноферменти гузаронида мешавад. Метавон гуфт, ки Марказ дар вилояти Хатлон ягона марказе мебошад, ки бо чунин тарзи хизматрасонии тиббӣ фаъолият мекунад.

  Бемории сил ё туберкулез аз ҷумлаи бемориҳоест, ки дар ҷаҳон хеле паҳн гардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот буда, барангезандаи он микробактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад.

  Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои Бемории Сил аз шахсони гирифтори Бемории Сил ба ҳаво паҳн мешаванд. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС-и ниҳонӣ мебошанд. Аммо ба шахсоне, ки системаи масъунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

  Мувофиқи маълумоти пешниҳод намудаи директори Маркази мубориза зиди бемориҳои сили шаҳри Кӯлоб Сайвалиев Н дар давоми 8-моҳи соли 2018 1 ҳазору 233-бемор бо мақсади ташхис муроҷиат намуданд. Аз шумораи зикргардида бо ташхиси бемории сил бори аввал-134, такрорӣ-23 нафар, балғамамашон мусбӣ 90 нафар, балғамашон манфӣ 32 нафар, беморони ғайри шушӣ- 22 нафар, бо бемории пайдошудаи масъуният-9 нафар, занҳои қобили таввалуди ҳомиладор 2 нафар, кудакон- 18 нафар, 14 нафар одамони дар алоқаи оилавӣ бо беморони сил буда ва 13 нафар муҳоҷирон муроҷиат намудаанд.

  Дар давраи ҳисоботи ба 398 бемор аз ҳисоби Хазинаи глобалӣ акси рентгении ройгон гузаронида шуд. Ҳамчунин ба 3-бемор аз ҳисоби Марказ кумак аз қабили орд ва равған ва ба як бемор аз ҳисоби ташкилоти ғайридавлатии ХОП кумаки пӯлӣ расонида шуд.

  Ба комиссия супорида шуд,ки корҳои таблиғотӣ ва амалии табобатиро ҷиҳати табобати ин бемориҳо ҷоннок намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.