БЕДОРСОЗИИ ЗАВҚИ ҶОМЕА НИСБАТ БА ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ

  Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” (маҳаллаи Борбад) бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид.

  Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ  ва мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Зимни гузаронидани чорабинӣ  қайд гардид, ки миллати тоҷик аз азал мардуми меҳмоннавоз, бо фарҳангу ҳунарманд буда, бо ҳунарҳои дастии худ, аз қабили табақу қошуқтарошӣ, кулолгариву косибӣ, чакандӯзиву қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ машҳуру маҳбуб гаштааст. Аз ин рӯ бо эълон гаштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои ҳунармандони тоҷик имконият фароҳам омад, ки ҳунарҳои бобоии худро аз нав зинда гардонида, ба ин восита сатҳи зиндагии мардум хубтару беҳтар гардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.