ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ!

  Кушодашавии марзҳо сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба рафтуомади бемамонияти шаҳрвандони ин ду кишвар имкон дод, ки робитаҳои фарҳангиву адабӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии хешро боз ҳам ривоҷ дода, рӯзгорӣ сокинони ин ду давлат Тоҷикистону Ӯзбекистон нумую равнақи тоза ёбад. Дар ин росто гурӯҳи намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд, ки гурӯҳи меҳмононро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хабарнигорони расонаҳои гуногуни васоити ахбори омма ва як зумра гулдухтарони чаканпӯш бо нону намак ва савту навои тоҷикона истиқбол гирифтанд.

  Зимни сафар васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб аз мавзеи мақбараи аломаи машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварда, ба таърихи ин мақбара аз наздик ошно гардиданд. Боиси зикр аст, ки робитаҳои дӯстонаи ду миллату халқияти соҳибтамаддун, тоҷикону ӯзбекон таърихи  қадима дорад.

  Баъд аз боздиди мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гурӯҳи меҳмонони  ҳузур дошта, ба муассисаи таълимии №52-и шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз намоишгоҳи корҳои дастии ҳунармандони маҳаллаи Тамошотеппа дидан карданд. Маврид ба таъкид аст, ки маҳаллаи мазкур ӯзбекнишин буда, зиёда аз 200-хоҷаги умр ба сар мебарад ва бо тоҷикзабонон муносибати ҳамаҷониба ва равуои ҳамешагӣ доранд. Аз он ки роҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода гардид, шодиву хурсандии онҳо беҳаду канор аст, зеро монеаҳо барои рафтуомад ба ин ду кишвар ва дидорбинии пайвандон аз миён бардошта шуд ва фазои дӯстӣ танинадоз гардид.

 Меҳмонон қайд карданд, ки фарҳангу маданияти миллатҳои тоҷику ӯзбек бо ҳам тавъаманданд. Санъати кашидадӯзию гулдӯзӣ, чубтарошӣ, заргарию оҳангари хосси мардумони моанд ва дар нақшу нигори офаридаи ҳунармандон тафовут дида намешавад.

  Беҳтар гардидани муносибатҳои ҳамсоягӣ, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидааст аз ояндаи неки ду миллат беҳтар шудани дӯстиву рафоқат, таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ дарак медиҳад.

  Хабарнигорони Ӯзбекистон барои омада сохтани хабару гузориш ва барномаҳои алоҳида бо сокинон ҳамсӯҳбат шуда, гӯшаю хиёбон, биноҳои зебою боҳашамат ва гулгаштҳоро наворбардорӣ мекарданд, то тавонанд тавассути расонаҳои хабарии хеш мардуми Ӯзбекистонро бо зисту зиндагӣ ва вазъи имрӯзи мардуми тоҷик ошно созанд.

  Ба хотири болидаруҳии меҳмонон аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барномаи муккамали фарҳангӣ иборат аз сурудҳои тоҷиконаю узбекона пешниҳод гардид, ки хуш пазируфта шуд. Гурӯҳи хабарнигорони ташрифовардаро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо туҳфаҳои  хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.