Мулоқот бо устоҳои халқии хатнгар

 Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарияти Сарраёсат бо устоҳои халқии хатнагар сурат гирифт.

 Чуноне аз маркази матуботии Сарраёсати номбурда хабар доданд, мақсад аз ташкили ин мулоқот ташвиқу тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сӯҳбаташ рӯзи 1 сентябр дар Донишгоҳи давлати тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.

 Дар ин мулоқот, ки беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар, сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода, директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим Ҳаким Худойбердиев ва дигар мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

 Маҳмадҷон Абдулқодирзода ва Ҳаким Худойбердиев зимни сӯҳбат изҳор доштанд, ки мақсад аз январи 2019 манъ кардани гузаронидани хатна аз тарафи устоҳои халқи ин пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояти аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масъунияти бадан мебошад.  Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин беморие, ки аксаран пушида мемонанд ва ба ояндаи писарбача таъсири манфии худро мерасонанд, ошкор карда мешавад ва ба табобат фаро гирифта хоҳад шуд. 

 Дар навбати худ устоҳои халқи низ изҳор доштанд, ки бо дастгири аз сиёсати роҳбари давлат ва ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда ҳамчунин байни мардум корҳои фаҳмондадиҳи хоҳанд бурд.

 Абдулқодирзода дар ҷамъбасти мулоқот ба иштирокдорон ба хотири ҳамкори дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳи изҳори сипос намуда қайд кард, ки мардум бояд бидонад, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар тамоми беморхонаҳои марказию минтақави ҳуҷраҳои хатна ташкил намудааст. Ва ин хизматрасони то 22 рӯза шудани писарбачаҳо ройгонаст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.