ВУСЪАТ БАХШИДАНИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДЕҲОТ

 Дар деҳаи Куҳнашаҳри ҷамоати деҳоти Зарбдор бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.

 Чорабинӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроя Файзуллоев Алишер ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор Муродова Дилафрӯз оғоз гардид.

  Фирузи Саидмӯъмин дар рафти  ин чорабинӣ иброз дошт, ки рӯ овардан ба фарҳанги қадимаи миллӣ, ин рӯ овардан ба асли хеш мебошад. Эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан занҳои хонанишин, яке аз мақсадҳои асосии эълон гаштани соли 2018 соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

  Ба ин хотир барои расидан ба ин ҳадафҳои нек гузаронидани чунин чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангӣ дар деҳаю маҳаллаҳо мусоидат менамояд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.