Боздиди намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Данғара

  Зимни сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд. Маврид ба зикр аст, ки ноҳияи Данғара яке аз ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” буда, айни ҳол дар ҳудуди он чанд маркази саломатии навбунёд ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот омода аст. Меҳмонон дар якҷоягӣ бо аъзоёни комиссияи корӣ сохтмони марказҳои саломатии “Шамолдара” ва “Навобод”-ро қабул карданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин марказҳои саломатӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки бо дастгири молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти кориву тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, имрӯз мавриди истифода қарор мегирад. Ин муассисаҳои навбунёди замонавӣ имкон медиҳанд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар деҳаҳои мазкур ҷавобгӯй ба талаботи давр роҳандозӣ гардида, аҳолӣ аз хизмати босифати тиббӣ бархурдор шаванд.

 Дар рафти боздиди намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ин муассисаҳо фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” мавриди санҷишу муҳокима қарор гирифт. Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба фаъолияти Лоиҳа баҳои баланд дода, барои фаъолияти минбаъдаи он ва расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.