Мушовараи раёсати Тандурустии вилояти Хатлон оиди масъалаҳои доғи руз баргузор гардид

  Дар Беморхонаи клиники ба номи Б.Воҳидов мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон доир гардид, ки дар кори он директрони Марказҳои СПИД-и шаҳру ноҳияҳо, Директорони Марказҳои солими репродуктивии вилоят, Директорони Филиали Маркази хуни минтақаи Бохтар, Марказҳо ва хуљрањои хусуси стоматологи, менеҷерони сохтори госпитали ва кумаки аввалияи тиббию санитари ва Марказҳои  амбулаторияҳои тибби оилави иштирок доштанд.

  Дар мушовара 4- масъала мавриди барраси қарор дода шуд. Аз он ҷумла Дар бораи ҷараёни амалисозии «Барномаи миллии рушди донории хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» баромадкунанда Мадмаров Ҷ, иҷроиши “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 баромадкунанда Саидов И. ” Баромадкунанда Абдураҳмонов Ш.Ҳ Баррасии рафти амалисозии “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №317 тасдиқ карда шуд. Назаров З. профессор Дар бораи таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар вилоят. Баромадкунандагон оиди «Барномаи миллии рушди донории хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019,“Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020, “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” Дар бораи таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар вилоят бо таҳлилҳои мушахасс ва слайдҳои худ таваҷуҳи ахлит толлоро нисбати пешгирии бемории сил, вазъи ҳаракати донори ва хизматрасони стоматологи ва пешгирии бемориҳои сирояткунанда аз қабили СПИД ва гепатит ва фаъолияти табибони тибби оиалави дар маҳалҷойҳо ва яке аз афзалияти асосии ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, №94 ва ки аз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 02.08.2010, №368 бармеояд ин рушди сифатноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, ки ба тибби оилавӣ асос меёбад.

  Дар баромади мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Абдураҳмонов Ш.Ҳ қайд гардид, ки воридсозии тиббӣ оилавӣ дар деҳот, ки дастрасии ёрии тиббӣ тахассуси нисбат ба шаҳр пастар аст, махсусан муҳим аст. Чи тавре, ки таҷрибаи аз ноҳияҳои пилоти Варзоб, Данғара,Турсунзода, Шаҳринав ва дигар ноҳияҳои ба даст омада нишон медиҳад, ки гузариш ба ташкили кӯмаки аввалияи тиббӣ бо принсипҳои табиби оилавӣ, хизматрасониҳои босифат, дастрасӣ ва кӯмаки тиббӣ камхарҷ, истифодаи самараноки захираҳо ва дигаргунсозии муносибат ба пешгирии бемориҳо ва беҳдошти саломатӣ оварда расонид. Рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси воридсозии тибби оилавӣ дар солҳои наздик имкон медиҳад, ки беморшавии бо корношоямӣ муваққати бо ҳисоби рузҳо, маъюбшавии аввалини меҳнаткашон, муроҷиат ба стансияи ёрии таъҷилӣ кам гардад, паст намудани сатҳ ва муҳлати бистаришавӣ, паст намудани сатҳи фавти перинаталӣ ва навзодӣ мегардад.

  Имрӯзҳо дар минтақаҳои мухталифи кишвар бо мақсади ба пуррагӣ   ноилгардидан ба раванди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда идома дошта, дар ин раванд чанде қабл дар Маркази таълимию клиникии тиббӣ оилавии вилояти Хатлон, дар ҷамоати деҳоти Қизирқалъа қарордошта бо хобгоҳ барои 56 нафар, омӯзгорон ба 15 нафар расида, аз он ҷумла 10 табиб ва 5 корманди миёнаи тибби берун аз ҷумҳурии таҷрибаомӯзи намудааст. Марказ аз шӯъбаи байниноҳиявӣ дар ш.Кӯлоб, н.Данғара ва Шаҳритуз мебошад. Имрӯзҳо шумораи марказҳои тибби оилавӣ ба 21 адад расида (ш.Леваканд, Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дустӣ, Данғара, Ш.Шоҳин, ноҳияи Кӯлоб, Ёвон, Ҳамадони, Темурмалик, Қубодиён, Шаҳритуз, Фархор, Муъминобод, Восеъ, ш.Норак, ш. Кӯлоб, ш. Бохтар) фаъолият доранд. То соли 2017  696 табиб ва 1619 нафар ҳамшираҳои шафқат аз 14 шаҳру навоҳии минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.

 Дар охири ҷаласа сардори Хадамоти тандурусти дар вилояти Хатлон Абдуқодирзода М ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода С.Ҳ ибрози назар намуда, қарорҳои дахлдори аъзоёни мушовара аз ҷониби ҳайати мушовара қабул гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.