Хатари фитнаангезон ба сулҳу субот дар Тоҷикистон таъсир нахоҳад гузошт

 Мо собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳритуз хабари дар Варшава гирд омадани гурӯҳҳои опозитсионӣ ва таъсис додану ба қайд гирифтани иттиҳоди ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро аз ҷониби гурӯҳе аз курнамакон, ватангумкардагон ва мазҳабфурӯшон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубовро шунида ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузаштаро боз як бори дигар пеши назар оварда ба хоку хун кашидани мардуми бегуноҳ, хатари аз байн бурдани давлату миллат, қурбонии зиёда 150 ҳазор мардуми бегуноҳ, зиёда аз даҳҳо ҳазор тифлони бепарастормондаю ятимонда, иқтисодиёти фалаҷгашта, зиёда аз як миллион мардуми фирорӣ, ки хоки муқаддаси ватани хешро тарк намудаю дар ғарибию кулфат умр ба сар бурдаро ёдовар шудем.

 Мо собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи бостонии Шаҳритуз ба шумоён ватангумкардагон ва фитнаангезон гуфтанием, ки Тоҷикистон ин Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Шумо худатонро ҳоло ҳам мусичаи бегуноҳ метарошед, вале фаромӯш набояд кард, ки нафароне ба монанди Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Сатторов Аёмиддин, ки дар байни Шумо буданду аз кардаи худ пушаймон гаштаву рӯ ба Ватан овардаанд имрӯз дар бораи фаъолияти пасипардагии Шумо рӯирост ба мардуми шарифи Тоҷикистон қисса карда истодаанд. Шумо нафароне ҳастед, ки баъди ба имзо расидани ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз яъне Созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 ва бо ташаббуси роҳбари давлат аз нав ба қайд гирифтани Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки ҳоло ҳамчун ҲЭТ худро нишон дода истодааст дар либоси дустӣ кори душман кардед. Ҳодисае, ки моҳи сентябри соли 2015 барои табадулоти давлатӣ намудан бо дастгирии ҳоҷи Ҳалим Назаров даҳ сол пеш аз ҷониби Шумо таҳия гардида буд, амалӣ кардан хостед вале хушбахтона тири Шумо хок хурд ва шумоён куранмакони ватангумкардаро шармандаи рӯи олам сохт.

  Мо собиқадорони ҷангу меҳнат дар якҷоягӣ бо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ватанро аз вартаи нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳдошта Тоҷикистонро ҳамчун як давлати воҳид дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намуд, ҳамқадамем. Сиёсати созандаю бунёдкорона ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатамонро дастгирӣ намуда, намегузорем, ки Шумо барин гурӯҳҳои фитнаангез ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии мо халал ворид созед. Шумо ҳоло ҳам вақт доред, дилҳоятонро аз кинаю фитна пок намуда ба Ватан баргардед, аз миллату меҳан узр пурсед, шояд миллату меҳан Шумо роҳгумзадаҳоро бахшад, вагарна не фардо барои Шумо дер хоҳад шуд. Ба Шумо муроҷиат карда гуфтани ҳастем, ки дороии аз ҳама қиматтарин барои инсон ин ватандорӣ аст. Таърих гувоҳ аст ва воқеияти ҳар як ҳодисаро баъди чандин солҳо дар саҳифаҳои худ баҳогузорӣ менамояд. Воқеаю ҳодисаҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқуъ пайвастанд, алакай баҳогузорӣ шудаанд. “Қаҳрамонони ин ҳодисаҳо”, ки имрӯз дар хориҷи кишвар истодаю санги маломат ба рӯи миллату меҳани худ мепартоянд, фаромӯш набояд кард, ки баъди сари Шумо фарзандони Шумо таърихро хонда танҳо як хулоса мебароранд, ки Шумо ватангумкардаҳо фарзандони худро беватан кардаед, онҳо имрӯз дар ғарибӣ дар фироқи ватан месӯзанду ранҷ мекашанд ва Шуморо бо “некӣ” ба ёд меоранд.

Собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳритуз

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.