Семинари омӯзиши оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ПДВ рӯзи 19 сентябри соли 2018 дар истироҳатгоҳи фарҳангии «Гули майда»-и ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ бо раисони Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати татбиқи босамари «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» баргузор намуд.

  Дар кори семинари омӯзишӣ Хидирзода М.У. муовини раиси вилояти Хатлон, роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ дар вилоят ба ҳайси роҳбари гурӯҳ иштирок, ва суханронӣ намуда ва ҳамчун модератор кори семинарро пеш бурданд.

 Инчунин, Максименко Елена-директори филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусова Нафиса Муродовна коршинос, психолог иштирок ва баромад намуданд. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.