Аксияи “Мо бачаҳои насли истиқлолем”

 Кӯлоб. Бо иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд, волидайн ва меҳмонон дар назди осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб чорабинии фархангӣ- бадеӣ таҳти шиори “Мо бачаҳои насли истиқлолем”, ки таҳти лоихаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо баҳри хизматрасонии тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа барои кӯдакони имконияташон маҳдуд” баргузор гардид.

  Нахуст тарбиятгирандагони маркази “Парасту”ва “Меҳрон” –и назди ташкилоти «Заршедабону» филмҳоро аз таьрихи муввафакияти кӯдакон таҳти унвони «Маюбӣ маризӣ нест” тамошо карда дар майдони назди фаввораи осорхона бозиҳои гуногунро намоиш доданд.

  Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаи Кӯлоб, ташкилоти байналмилалии «Миссияи Шарқ» ва ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” баромад намуда назари хешро оид ба амалишавии ин лоиҳа иброз доштанд.

Намоишномаи ҳунарӣ, ки аз тарафи кӯдакон омода гардида буд, ҷолибу хотирмон буд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.