ИҒВОГАРӢ ВА ДАСИСАБОЗИИ АЪЗОИ ҲНИ ҲАМАРО БА ҲАЙРАТ ГУЗОШТ

  Воқеан, аз саҳнасозиву дасисабозии аъзои ҲНИ кас дар ҳайрат мемонад. Барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразонаи худ аз тамоми имконият истифода мебаранд. Имсол ҷаласаи САҲА ба иғвову тавтеаҳо ва доду фарёди беасоси наҳзатиён, ки соли 2016 дар Варшава барпо намуда буданд, роҳ надод. Ин чораҷӯии САҲА ба амалисозии нақшаҳои ғаразонаи ҲНИ маҳдудият эҷод намуд. Бинобар ин, роҳҳои алтернативи амалисозии онҳоро ҷустуҷӯ намуданд. Дар инҷо наҳзатиён аз таҳаммулпазирӣ ва самимияти дипломатҳои тоҷик суистифода намуда, иғво барпо намуданд. Дар ҳоле ки аъзои дипломати тоҷик бо муносибати самимона ва ба ҳар ҳол меҳри ҳаммеҳанӣ бо аъзои ҲНИ мулоқот мекарданд, ин носипосон дар фикри барангехтани иғво ва дасисаву тавтеа буданд.

  Дар ин мулоқоти сарироҳӣ чанде аз ҷавонони ноогоҳи тоҷик бо рафтори ғайриахлоқӣ ва иғвоангезона аз ҷиҳати равонӣ ба аъзои дипломатияи тоҷик фишор оварда, бо суханҳои қабеҳ ва ҳатто дастдарозӣ онҳоро водор намуданд, ки аз ин ҳамлаҳои бадқасдонаи наҳзатиён худро ҳимоят намоянд. Ва ҷавоби хубу ибратнок ҳам доданд, зеро дар чунин ҳолат кас намедонад, ки ин ҷавонони ноогоҳ ба чӣ корҳо қодиранд, шахс ҳамеша аз худ дифоъ мекунад.

  Чун дар ин ҳолат тирашон хок хӯрд, корро худи роҳбари ташкилоти террористию эксремистии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ба даст гирифта, хост ҷониби ҳайати кишварро мутақоид созад, ки ҳизби вай террористӣ набуда, ба ҳодисаҳои нохуши монаданди амалиёти террористии Ҳоҷӣ Ҳалим ягон робита надорад ва ҳам ба аҳли ташайюъ напайвастаанд. Вале чун дар муқобилаш шахсони аз амалҳои ӯ огоҳ истода буданд, барояш дигар роҳи исботи дурӯғҳояш намонд, Кабирӣ тактикаи дигарро ба роҳ андохт ва мусоҳиби худро ба қасам хӯрдани “занталоқ” даъват намуд.

  Кӣ медонад, ки Кабирӣ барои амалисозии нақшаҳои ғаразонаи худ чанд маротиба аз ин “савганди бовиҷдонаву ростин”-и худ истифода бурдааст. Аз ҳақиқат дур аст, ки шахсе, ки хиёнат ба ватан – модар кардааст, барои ҳамсари худ содиқ монад. Аслан ҳодисаҳои охир нишон дод, ки Кабирӣ ва писараш ҳеҷ гоҳ дар фикри зану фарзанд нестанд ва ҳатто агар лозим шавад аз онҳо барои роҳандозии нақшаҳои иғвоангези худ суистифода мекунанд.

  Чунон ки набераи хурдсоли Муҳиддин Кабирӣ тай иду соли охир, дар ҳоле, ки бобову падараш дар пайи иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон буданд, аз бемории саратон ранҷ мекашид, аслан дар фикри табобати ин кӯдаки хурдсол нашуданд. Ва лаҳзае, ки ин кӯдак бо бемориаш барои иғво андохтан лозим шуд, ба ёдашон омад. Тибқӣ дастури хоҷагонашон сару садои зиёде баланд намуданд, ки гӯё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дар хориҷи кишвар табобат гирифтани набераи Кабирӣ монеа эҷод мекунанд. Дар ҳоле ки дар тӯли ин ду сол барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ боре ҳам ба мақомоти дахлдор муроҷиат накарда буданд. Бо ин вуҷуд пас аз муроҷиати расмӣ ба модар ва кӯдаки худрсол, ки қурбонии дасисабозиҳои падар ва бобо гардида буд, дар мӯҳлати кӯтоҳ шиносномаи хориҷӣ дода шуд ва онҳо ба хориҷа сафар намуданд.

  Ин рафторҳои барқасдонаи аъзои ҲНИ рӯз аз рӯз ғаразҳои онҳоро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор намуда, нишон медиҳанд, ки онҳо натанҳо ба сулҳ ва суботи кишвари мо мехоҳанд халал ворид кунанд, балки дар ҳайати гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ба авзои минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод мекунанд.

  Ҷавонони фаъоли ноҳияи Қубодиён ҳар гуна аъмоле, ки ба сулҳу амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва вазъи минтақаву ҷаҳон халал ворид мекунад, маҳкум намуда, баҳри ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ, ташаккули ояндаи дурахшон ва бурдани тарзи ҳаёти солим талош менамоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.