Фаъолияти ҳуҷраҳои стаматологи мавриди санҷиш қарор гирифтанд

  Фаъолияти 13 кошонаи ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стаматологи бинобар ба талаботи санитарию эпидимиологи ҷавобгу набуданашон манъ карда шуданд.

  Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гурӯҳҳои кори таъсис дода фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор додааст. 

  Дар ду рӯзи санҷиш яъне 17 ва 18 сентябр  мутахассисони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода як қатор камбудиҳоро ошкор кардааст.

  Бино ба гуфти сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдуқодирзода аз 28 муассисае, ки мавриди санҷиш қарор гирифтааст фаъолияти 13 адади он бинобар сабаби ба талаботҳои санитарию эпидимиологи ҷавобгу набуданашон қатъ карда шудааст. Ба онҳо дастур дода шудааст, ки коргоҳҳои худро ба талаботҳои санитарию эпидимиологӣ мутобиқ намоянд.

  Ба гуфти роҳбари сарраёсат чунин санҷишҳо мувофиқи нақшаи кории онҳо то 28 сентябр давом хоҳад кард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.