ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ГУВОҲ АЗ ТАЪРИХИ ДЕРИНА ДОШТАНИ ТОҶИКОН АСТ

  Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида, дар деҳаи Хоҷа Исҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандаозӣ гардид.

 Дар ин намоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ва кормади масъули ҷамоати деҳоти Зиракӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 Зимнан, Мунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки дар воқеъ чунин ҳунарҳои қадима ва анъанаҳо нек гувоҳ аз таърихи дерина доштани миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои равнақу ривоҷ додани ҳунарҳои дастӣ ва ба ҷаҳониён муаррифи кардани фарҳангу ҳунари хеш сайъу кушиш намоем.

 Дар фарҷом гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд ҷамбаст намудани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ дар маҳаллаҳо мусоидат хоҳад кард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.