Вокуниши занону модарони вилояти Хатлон оид ба таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»

  Занону модарони саодатманд ва ватандӯсти вилояти Хатлон аз таъсиси як иттиҳод таҳти унвони «Паймони миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби аъзоёни ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст, изҳороти худро чунин баён менамоянд:

  Дар эъломияи худ ин бадхоҳони миллату давлат қайд намудаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон сохтори демократӣ, амалӣ намегардад, беқонунӣ ва беадолатӣ, нокоромадӣ ва каҷрафториҳо гӯё ҳукмрон бошад, ки  Тоҷикистонро ба фақиртарин кишвари дунё  табдил додааст.

  Мо модарони тоҷик ин эъломияро, ки сар то сар дасисаву фитнаи навбатии Кабирӣ ва  хаммаслакони ӯст, маҳкум менамоем.

  Зеро озодиву истиқлолият барои мо модарон неъмати бебаҳо, дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо занону модаронро  водор месозад, ки баҳри ҳимоя ва пойдору устувор мондани сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти бо арзиши гарон бадастомада тамоми саъю талоши худро равона месозем ва чун сипари Ватан намегузорем, ки нохалафе, ноҷавонмарде ин сулҳу осоиштагиро халалдор намояд.

  Ин гурӯҳ худро пуштибон ва дилсӯзи миллати тоҷик нишон дода, ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байналмилалӣ  нуфуз пайдо кардани Тоҷикистонро дида наметавонанд. Ба ин кӯрдилон гуфтани ҳастем, ки Шумо ҳаргиз ба мақсадҳои нопок ва аҳриманонаи худ намерасед, чунки сарҷаъмии халқ ва сиёсати муваффақу оқилона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат ба ин имкон намедиҳад. Сухани ҳакимонаи  шоири классики тоҷик маҳз ба шумо барин хоинини миллат гуфта шудааст: 

Ҳаркӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

   Мо занону модарон ба иғвою дасисаҳои фитнаангезонаи Шумо  ҳеҷ вақт бовар намекунем. Ба шумо низ даъват ба амал меорем, ки тинҷиву амонии Тоҷикистони биҳиштосоро халалдор насозед. Зеро шумо ба он хорҳои хушку нолозими биёбон монанд ҳастед, ки ҳар лаҳза ба по, ба даст халида истода, аз як алангаи оташ нест мешавад.

Бузургони мо асрҳо пеш моро ҳушдор ба он додаанд, ки дар ҳама давру замон дар муқобили як некӣ бадие ҳаст ва ё   

Санги бадгуҳар агар косаи зарин шиканад,

Қиммати санг наяфзояду зар кам нашавад.

  Занону модарон пуштибони сулҳу суббот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳастем ва фарзандонро низ дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, содиқу вафодор ба миллату давлат тарбия менамоем.       

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.