Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

  Н. Хусрав. Дар маҳаллаи Сангобаи ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеъи аъзои ҳизб ва сокинони маҳалла бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободонӣ, рушди корҳои хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ мулоқот баргузор гардид.

  Иштирокдорон вобаста ба мақсади тараққӣ додани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, тақвияти соҳаи сайёҳӣ, муарифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

  Мулоқотро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки чуноне, ки аз воситаҳои ахбори омма ҳамаи мо аз ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ омада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид ва намоиши телевизонии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» бо назардошти иқрори яке аз саркардагони ҲНИ Аёмиддин Сатторов огоҳ шудем, душманони миллат бахусус гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо дастури ТТЭ ҲНИ ба амал бароварда шуд. Чи гуна ташкилот будани Ҳизби наҳзати исломиро тамоми мардуми Тоҷикистон медонанд. Маҳз аъзои ҳамин ҳизб дар солҳои аввали Истиқлоияти ба даст овардаи миллати тоҷик мардуми ноогоҳро ба майдонҳо кашида, бо дастури хоҷагони аҷнабии хориҷиашон талаботҳои сиёсии худро пешниҳод намуда, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва рехтани хуни мардуми бегуноҳ гардид. Иғвою дасиса ва ҳодисаҳои нангини дигари ҳамсон, ки аз ҷониби душманони миллат, гурӯҳҳои махсуси дар хориҷи кишвар омода шуда ба вуқӯъ меоянд бетараф набуда, ҳамеша бо вокунишҳои фаврӣ мавқеи худамонро муайян намоем. Ҳар як аъзои ҳизб, зиёӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба адешаҳои дурӯғу нодурусти дар шабакаҳои интернетӣ, ки аз ҷониби баъзе ашхоси андешаҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ пахш гардида, боиси паст задани миллати хеш мебошанд, маҳкум намоем.

  Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Набизода Инобат иштирок ва баромад намуда зикр намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои дар Рӯзи донищ дар вохӯриашон бо кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи тибби Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикргардида аз ҳар кадоми мо иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷаъмӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати софдилона, масъулияти баланд ва ташаббускориро тоқазо менамояд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои неку созанда сарҷаъм бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.