Машварати августии омузгорони мактабҳои  санъат доир гаридид

 Дар мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи шаҳри Бохтар  машварати августии омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доир гардид.

  Пеш аз оғози машварат дар саҳни ин муассисаи фарҳангӣ намоиш ва  дастовардҳои хонандагону омӯгорони мактаби санъати шаҳри мазкур, ки аксу мусавара, чакандӯзию гулдӯзӣ, кандакорию чубтарошӣ ва ҳамчунин як барномаи хуби фарҳангиро фарогир буд, пешниҳоди меҳ монону иштирокдорон карда шуд. Сипас дар толори мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи шаҳри Бохтар бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директорону омӯзгорон ҷаласаи машваратӣ оғоз гардид.

  Аввалан Бурҳониддин Раҷабов ба сухан баромада ҳамагонро ба ҷашнҳои қарубулвуқҳ  табрику таҳният намуда иброз аз он дошт, ки ҳамаи мо бояд 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда сазовор истиқбол гирем.

  Таъкид гардид, ки ҳ оло дар қаламрави вилоят 29- мактаби санъат ва мусиқии бачагона инчунин як колеҷи санъат ба номи Кароматулло Қурбонов фаъолият доранд. Гуфта шуд мактабҳои санъат ва мусиқии бачагона   ягона муассисаи таълимие мебошад, ки ба таълиму тарбияи эстетикӣ, зебопарастӣ ва санъати касбию миллӣ наврасону ҷавонон нақши назаррас доранд.

 Ҳамчунин дар идомаи кори машварат Ҷумахон Маҳмадаминов мудири дафтари методи оид ба мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи вилояти Хатлон атрофи фаъолияти мактабҳо дар солҳо 2017-2018 маъруза намуда афзуд, ки  мушоҳидаҳои таи чанд соли охир нишон медиҳад фаъолият ҳунаромузи дар ин муасисаҳои ҳунаромузи беҳтару хубатр гашта истодааст. Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи вилоят ба толибилмон ба ғайр аз ҳунари мусиқии касби инчунин дузандагӣ кулолгари расомӣ, кандакори созҳои миллӣ ва ғайра омузонида шуда истодааст.

 Дар соли таҳсили  2017-2018  409-нафар муҳасилин мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи вилояти Хатлонро хатм карданд. Имсол аз ҳисоби хатмкунандагон 10-нафарашон ба Консерваторияи миллӣ ба номи Талабхуҷа Саторов, 29-нафар ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 4-нафар ба колеҷи ҷумҳурияви ба номи Буйдоқов, 7-нафар ба колеҷи расомии Мирзо Раҳмат Олимов, 110-нафар ба колеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Каромутулло Қурбонов  25-нафар ба колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобқулов ҷамоҷам 180-нафар таҳсили хешро баъди хатми мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи таҳсилошонро идома дода истоданд.

 Дар интиҳои ҷамбасти машварати августии омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят барои фаъолияти пурсамар  ба як қатор директорон ва омузгорон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави дар вазияти тантанви тақдим карда шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.