Омодагиҳо ба Рӯзи Истиқлолият дар Хатлон

 Тазаккур бояд дод, ки Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.

 Барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори Рузи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ки аз ҷониби санъаткорони вилояти Хатлон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар омода гашта истодааст, ифодагари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва маънавиёти ҷомеа буда, таҷассумгари хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва  арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ мебошад.

 Ин чорабинии сиёсиву фарҳангӣ сокинону шаҳрвандон инчунин насли ҷавонро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими Истиқлолият, омӯзиши таҷрибаи таърих ва ифтихор аз меҳани аҷдодӣ ҳидоят месозад, тамринҳои пайваста доранд.   

 Бо мақсади  омодасозии барномаи мазкур беҳтарин ҳунармандони  шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва кормандони ташкилоту корхонаҳои вилоят   ҷалб шудаанд, ки шукӯҳу шаҳомати ҷашни  27- солагии Истиқлолият ва пешрафту дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсии ҷумҳуриамонро дар замони соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд.

  Боварӣ аст, ки ин саънаи саршавиштсоз дар вилояти Хатлон бо он ҳама шукуҳу таровати хоссаш истиқбол хоҳад гашт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.