Конференсияи илмӣ таҳти унвони «Занон ва Истиқлолият»

 Бо иқдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзи 30 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Занон ва Истиқлолият» баргузор гардид.

 Дар кори конференсия 135 нафар занони фаъоли вилоят аз тамоми ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Хидирзода Махфират Умар муовини раиси вилояти Хатлон ба кори конференсияи илмӣ ҳусни оғоз бахшида, болоравии мақоми занонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар гуфта гузаштанд.

  Сипас, Амиршоева Саодат аввалин генералзани тоҷик, Абдусаломзода Анзурат - муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ», Маҳкамова Дилором - дотсент, номзади илмҳои филологӣ Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Саҳми бонувони тоҷик дар рушди илм дар даврони Истиқлолият», Тағоева Сурайё-дотсент, номзади илмҳои химия Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзӯи «Занҳои ихтироъкор дар даврони Истиқолият», Хосият Вализода - шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Таронаи Истиқлол», Холмуродова Меҳрафрӯз - докторанти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва истиқрори сулҳи тоҷикон», Қодириён Офоқ - шоира дар мавзӯи «Тараннуми Истиқлол»  баромад намуданд.

Конференсияи илмӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.