Левакант. Ҷавонон Истиқлолиятро бо дастовардҳои нек пешвоз мегиранд

  Рӯзи 29 август бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №2 бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои ҷавонон» конференсия баргузор гардид, ки дар кори наздики 200 нафар ҷавонон аз соҳаи тандурустӣ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр ҳузур доштанд.

 Дар конференсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷ. Одинаев доир ба дастовардҳои ҷавонону варзишгарони шаҳр дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва фаъолияти пурсамари онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр сухан гуфта, изҳор дошт, ки ҷавонон воқеан нерӯи бузурганд ва саҳми онҳо дар умури давлатдорӣ ва пешбурди корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар назаррасанд.

 То имрӯз варзишгарони шаҳри мо аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявию вилоятӣ 150 медал ба даст овардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 55 адад зиёд мебошад. Ин дастовард туҳфаи хуби ҷавонони шаҳр ба муносибати таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - гуфт Ҷ. Одинаев.

 Мавзӯи Истиқлолият, кӯшишҳои халқи тоҷик барои комёб гардидан ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар тули асрҳо ва талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалӣ гардидани ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик дар баромади раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳ. Султонов ва муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ф. Назарова низ мавриди таҳлил қарор гирифт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.