КУМАК БА ХОНАНДАГОНИ НИЁЗМАНД

 Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар кумакҳои хайриявӣ расонида шуд.

 Ин амали хайру савоб аз ҷониби соҳибкори ватандӯсти бохтарӣ Илҳомҷон Раҳимов анҷом ёфт. Лавозимоти мактабии ҷувздон, қалам, ручка, дафтар, ҷадвалу хаткӯркунак ва ғайраҳо аз ҷумлаи кумакҳое мебошанд, ки ба 60 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат расонида шуд.

 Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятии давлатии шаҳри Бохтар иштирок карда, ба соҳибкор Илҳомҷон Раҳимов барои иҷрои ин амали хайру савоб изҳори миннатдорӣ карданд. Ин амали неку савоб шоистаи сипос буда, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва оилаҳои иштирокдори ин чорабинӣ ба соҳибкор Илҳомҷон Раҳимов ибрози миннатдорӣ менамоям, гуфт директори МТМУ №6 Абубакр Чориев зимни суханронии худ.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.