Кӯлоб. Кӯшишу талош баҳри ободӣ

 Аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарияти ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб низ дар баробари дигар ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо азму талошҳои пайваста ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият талош варзида истодаанд.

  Дар деҳаи Тудакафши деҳаи мазкур аз ҷониби сокинони ин деҳа майдони бозии кудакон сохта шуда , имрӯзҳо насби панҷараҳо ва сангрезӣ дар ин майдонча идома дорад.

 Дар деҳаи Пахтакори ҳамин ҷамоат бунгоҳи тиббӣ сохта шуда истодаасту рӯзҳои наздик дар бунгоҳ корҳои андовагарӣ ва шинонидани дару тирезаҳо оғоз мегардад. Дар деҳаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбонов Б сохтмони майдони истироҳатгоҳ, ҳавзи шиноварӣ ва коргоҳи дузандагӣ идома дорад.

 Деҳаи Саричашмаи ҷамоат низ рӯз аз рӯз обод шуда истодааст. Дар ин деҳа аз ҷониби соҳибкор Нозимов Ғ маркази «Олами рангҳо» , ки аз ду ошёна иборат аст, сохта шуда истодааст. Маркази савдо то 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

 Аз тарафи соҳибкори ин ҷамоат дар деҳаи Лағмон корҳои хиштчинӣ дар бинои Толори варзишӣ ва Мағозаи фурӯши китоб идома дорад. Ҳамзамон дар ин деҳа аз тарафи соҳибкор Самиев У Маркази хизматрасонӣ сохта шуда истодааст.

 Бошандагони ҷамоати Кулоб бо ҷаҳду талош тасмим доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ доир намуда, ватани азизамро боз ҳам ободу зеботар намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.