Ҳамадонӣ. Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият

  Рӯзи 27 августи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии гарвидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва даст задан ба ҷиноят дар ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории Академияи ВКД ҶТ дар ҳайати Сафаров Ҳаётҷон полковники милитсия, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, Самиев Бахтиёр майори милитсия, муаллими калон, Одиназода Абдуғаффор Шер полковники милитсия бо зиёиён, занону ҷавонон, ходимони дин ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар Ҷамоати шаҳраки Москва баргузор гардид.

  Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Қиматов Зафархон, муовини сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳия, майор Назаров Ҷ. иштирок ва баромад намуданд.

 Дар охир байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, иширокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

20180827_142358-min.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.