П А Ё М И  Т А Б Р И К И И раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2018-2019 

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд, падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!

   Боиси сарфарозист, ки соли равон таҷлили ин рӯзи муборак дар арафаи таҷлили бошукӯҳи  ҷашнҳои фархундаи миллии дар пешистодаи 27 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рост омада, ба рӯҳияи омодагии мардуми шарафманди  ҷумҳурӣ, аз  ҷумла сокинони вилояти Хатлон барои сазовор  ҷамъбаст намудан ва тақвият бахшидану муваффақона анҷом додани корҳои созандагии дар доираи тадбирҳои дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳрезишуда, мусоидат менамояд.

 Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми алоқамандони соҳа, алалхусус аҳли илму маорифи вилоятро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2018-2019, таҷлили Рӯзи донишу дарси сулҳ ва  ҷашнҳои дар пешистодаи 27 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию тозакорӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва  эҷодиро таманно  менамоям.  

 Давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Роҳбарияти Олии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба  рушд ва  пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳимми  ҷомеа, бахусус нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ, ки аз се самти асосӣ дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд, пайваста  ғамхориҳо зоҳир менамоянд.

 Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, инчунин дар  ҷаласаҳои кории Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, ҳамзамон дар рушди нерӯи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита доштани кормандони соҳаро борҳо таъкид намуда, оид ба дастоварҳои тайи солҳои охири соҳа аз рӯи нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти  рақобати  он дар  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  назари хешро баён дошта, ба аҳли илму зиё ва дигар кормандони соҳа дастур доданд, ки “Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз  тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

 Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои  ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дара ҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.”  

 Дар ин раванд, мақомотии ҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҷиҳати таъмини рушди босамари соҳаи илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ намуда, баҳри боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас пайваста таваҷҷуҳ ва мусоидат менамояд.

 Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо, мо дар доираи имкониятҳои мавҷудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, ҳамзамон мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ таълимӣ  ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршуда, дастгирию ҳавасмандсозии олимону омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагону дониш ҷӯёни аълохон, корҳои муайянро ба ан ҷом расонида истодааем, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

 Ҳамасола, дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбари гардидани беҳтарин кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли илму зиё, муқаррар гардидани квотаҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии  ҷавонони лаёқатманд,  Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Президентӣ, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону сарпарастон, инчунин, дастгирии моддиву маънавии волидайн ва шахсони саховатпеша ба олимону устодони эҷодкор, омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва  ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ,  ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ феҳрасти нопурраи тадбирҳои роҳандози шуда мебошанд.

 Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷӯҳу масъулиятшиносии падару модарон ва сами-мона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки соли нави таҳсил ва  ҷашнҳои фархундаи дар пешистодаро кормандони соҳаи илму маорифи вилоят бо нав ҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодӣ  истиқбол мегиранд.

 Дар робита ба ин, тамоми алоқамандони соҳаи илму маориф, падару модарон ва сокинони вилоятро бори дигар ба оғози соли нави таҳсили 2018-2019, Рӯзи донишу дарси сулҳ ва  ҷашнҳои фархундаи дарпешистода табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, фазилатҳои неки илму адаб, дониш ва касбу ҳунаромӯзиро  таманно  менамоям.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.