«Тоҷикнома»-и Иброҳим Усмонов туҳфа ба шуъбаи нусхаҳои ҳатмӣ

 Санаи 22 август ба шуъбаи нусхаҳои ҳатмӣ ва дасхатњҳои Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин китоби «Тоҷикнома»-и Иброҳим Усмонов дар се ҷилд дастрас гардонида шуд.

 Бояд қайд намуд, ки китоби «Тоҷикнома» дар се ҷилд – ду ҷилди тоҷикӣ ва як ҷилди русӣ нашр шуда дар он рисолаҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳои доктори илми таърих Профессор  Усмонов Иброҳим Кенҷаевич, ки дар тули  бештар аз 45-сол навишта шудаанд дар бар мегирад.

 Мақсади ягонаи муалиф – муайян кардани ҷойгоҳи халқи тоҷик дар Осиёи миёна ва мавқеъи вай дар байни мардуми эронинажод аст. 

 Хонанда метавонад китоби таърихии «Тоҷикнома»-ро аз шуъбаи нусхаҳои ҳатмӣ ва дастхатҳо дастрас намуда мутолиа намояд. Ин китоб илми таърихӣ буда ба доираи васеъи хонандагон тавсия карда мешавад. 

Китобдорон ба муалифи китоб ҷиҳати роигон дастрас намудан ба хазинаи китобӣ минатдории хешро баён намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.