ВАХШ. МАШВАРАТ ИДРОКИ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

  Дар доир вохӯрию суҳбатҳо ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и Ҷамоати шаҳраки Вахш вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо, Рамазон Насриддинзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо кормандони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорон, занону ҷавонони фаъоли ноҳия, ходимони дин, имомхатибони масчидҳои ҷомеа ва панҷвақта мулоқот баргузор гардид.

 Ҳадаф аз баргузории ҳамоишҳо дар он аст, ки пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба амалҳои номатлуб, даст задан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон  дар руҳияи хештанпарастӣ тарбия кардани онҳо мебошад.

 С. Абдуллозода, муовини раиси ноҳия, Сафарбек Шарифзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо, Рамазон Насриддинзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон суханронӣ карданд. Ҳамчунин Ҳикматулло Сиҷоатзода, имомхатиб дар тақвияти гуфтаҳои боло андешаҳои хешро иброз дошт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.