Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳон мебошанд

 Ш.Шоҳин. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию бофандагӣ ва заргарӣ, такони ҷиддӣ бахшид.

 Бо ҳамин мақсад бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Чагами нав бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҷоаҳони муосир вохӯрӣ доир карда шуд.

 Зимнан сармуҳаррири нашрияи «Овози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Қурбонзода Шифо доир ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, сокинонро ҷавобан барои ғамхориҳои инсондӯстони Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, ки пайваста зоҳир менамоянд, ба корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз даъват кард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.