Ҳамадонӣ. Мардум ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқи баланд дорад

 Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Пушкини деҳоти Қаҳрамон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки фаъолонаи аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи «Пушкин» чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

 Дар чорабинии фарҳангӣ кормандони масъули КИ ҲХДТ-и ноҳия аз намоиши ба марази тамошо пешниҳоднамудаи маҳсули дастранҷи ҳунармандони маҳаллаи мазкур дидан намуданд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур ҳунармандону соҳибкорони маҳаллии маҳаллаи «Пушкин» ширкат варзида, маҳсулотҳо ва дастранҷҳои истеҳсолнамудаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 Сокинони маҳалла аз ташкил ва баргузории чунин чорабинии фарҳангӣ, ки шавқи мардумро ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва даромади софи рўзгор ба даст овардан зиёд мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Набиев И. иштирок дошт ва баромад намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.