Мизи мудаввар оид ба оғози лоиҳаи нав

 Дар тарабхонаи «Роҳи абрешим»-и шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар оид ба оғозёбии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо иштироки муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно , намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, намояндагони хадамоти муҳоҷирати ин ноҳияҳо, директорони литсейҳои касбӣ-техникӣ, намояндагонии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндаи ассотсиатсиаи занҳои соҳибкор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, корхонаҳои фаръии истифодабарии манзил, намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

 Мақсади лоиҳаи мазкур асосан баробарии гендерӣ ва ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифтани занону духтарон буда, маълум гардид, ки ба омӯзиш занону духтарони камбизоат ва осебпазир дар муддати 3 моҳи таҳсил ва 3 моҳи таҷрибаомӯзӣ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

 Баъд аз муаррифии лоиҳа ва муҳокимарониҳо филми ҳуҷҷатӣ дар бораи дар соҳаҳои мухталифи халқ фаъолият намудани занону бонувон намоиш дода шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.