БОХТАР. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН

 Дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар ба ифтихори «Рӯзи табибон» чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ намоиши маҳсулоти соҳаи тиб, гиёҳҳои шифобахш, лавозимоти тиббӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокдорон аз ин намоиш дидан кардан ва масъулони намоиш бобати манфиат ва шифобахшии маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда маълумот доданд. Гӯшаи дигар ифтихорномаву раҳматномаҳои табибони шаҳр ба намоиш гузошта шуда буданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки табибони ҳозиқ ва кордону пуртаҷриба, беҳтарин фаъолият карда, бо маҳорати баланди хеш боиси таҳсину офарин гаштаанд.

 Сипас, дар толори Кохи мазкур муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода баромад карда, аз номи раиси шаҳри Бохтар кормандони соҳаи тибро ба ин рӯз шодбош гуфт. Ин рӯз, яъне 18 август мавлуди пири ҳакимони Машриқзамин, Шайххураис Абӯали ибни Сино ва иди касбии кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Бохтар 74 муассисаи тандурустӣ фаъолияти пурсамар дорад, ки аз ин 49 муассисаи тиббии давлатӣ, 25 муассиса ва ҳуҷраҳои инфиродии хусусӣ, 111 дорухона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ 549 табибон, 1215 кормандони миёнаи итбби дар муассисаҳои мазкур фаъолият карда истодаанд. Таъминоти табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолии шаҳр 49,5 ва кормандони миёнаи тиббӣ 113,1 ададро ташкил медиҳад, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Заминаи кадрии соҳа бо маром мустаҳкам гашта, ҳоло дар муассисаҳои шаҳр се нафар номзадони илми тибб кор карда истодаанд.

 Шоиста Абдуназарзода хусуси таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба ин соҳа ва баланд гардидани маоши кормандони соҳаи тиб истодагарӣ намуд. Қайд дошт, ки кормандони соҳаи тандурустӣ таҳти ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин аст, ки маоши кормандони соҳа сол то сол зиёд мегардад ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ боз 15 фисад зиёд карда хоҳад шуд. Илова бар ин, беҳтарин ва муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ вориди Тоҷикистон гардида истодаанд. Дар чанд соли охир ба соҳаи тандурустии шаҳри Бохтар низ чунин таҷҳизоти тиббии замонавӣ оварда шуд, ки кори табибонро то андозае осон намудааст.

 Дар умум гуфтан мумкин аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баҳри рӯшди сохаи тандурустӣ, датсгирии кормандони соҳаи тибб ва беҳтар намудани шароитҳо аз имкониятҳои мавҷуда бо хуби истифода карда истодааст. Дар қисмати дигари ҷамъомад кормандони хизматнишондода, арзанда ва фаъолони соҳаи тибби шаҳри Бохтар бо ифтихорнома, мукофот ва медалҳои хизматии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

 Баъдан баҳри ҷолибияти чорабинӣ ва фароғат бахшидан ба иштирокдорон барномаи фарҳангии кормадони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар пешкаш гардид. Рақсу шодии кормандони соҳаи тибби шаҳри Бохтар то дергоҳ идома ёфт.

 Дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар ба ифтихори «Рӯзи табибон» чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ намоиши маҳсулоти соҳаи тиб, гиёҳҳои шифобахш, лавозимоти тиббӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокдорон аз ин намоиш дидан кардан ва масъулони намоиш бобати манфиат ва шифобахшии маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда маълумот доданд. Гӯшаи дигар ифтихорномаву раҳматномаҳои табибони шаҳр ба намоиш гузошта шуда буданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки табибони ҳозиқ ва кордону пуртаҷриба, беҳтарин фаъолият карда, бо маҳорати баланди хеш боиси таҳсину офарин гаштаанд.

 Сипас, дар толори Кохи мазкур муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода баромад карда, аз номи раиси шаҳри Бохтар кормандони соҳаи тибро ба ин рӯз шодбош гуфт. Ин рӯз, яъне 18 август мавлуди пири ҳакимони Машриқзамин, Шайххураис Абӯали ибни Сино ва иди касбии кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Бохтар 74 муассисаи тандурустӣ фаъолияти пурсамар дорад, ки аз ин 49 муассисаи тиббии давлатӣ, 25 муассиса ва ҳуҷраҳои инфиродии хусусӣ, 111 дорухона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ 549 табибон, 1215 кормандони миёнаи итбби дар муассисаҳои мазкур фаъолият карда истодаанд. Таъминоти табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолии шаҳр 49,5 ва кормандони миёнаи тиббӣ 113,1 ададро ташкил медиҳад, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Заминаи кадрии соҳа бо маром мустаҳкам гашта, ҳоло дар муассисаҳои шаҳр се нафар номзадони илми тибб кор карда истодаанд.

 Шоиста Абдуназарзода хусуси таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба ин соҳа ва баланд гардидани маоши кормандони соҳаи тиб истодагарӣ намуд. Қайд дошт, ки кормандони соҳаи тандурустӣ таҳти ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин аст, ки маоши кормандони соҳа сол то сол зиёд мегардад ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ боз 15 фисад зиёд карда хоҳад шуд. Илова бар ин, беҳтарин ва муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ вориди Тоҷикистон гардида истодаанд. Дар чанд соли охир ба соҳаи тандурустии шаҳри Бохтар низ чунин таҷҳизоти тиббии замонавӣ оварда шуд, ки кори табибонро то андозае осон намудааст.

 Дар умум гуфтан мумкин аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баҳри рӯшди сохаи тандурустӣ, датсгирии кормандони соҳаи тибб ва беҳтар намудани шароитҳо аз имкониятҳои мавҷуда бо хуби истифода карда истодааст.

 Дар қисмати дигари ҷамъомад кормандони хизматнишондода, арзанда ва фаъолони соҳаи тибби шаҳри Бохтар бо ифтихорнома, мукофот ва медалҳои хизматии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

 Баъдан баҳри ҷолибияти чорабинӣ ва фароғат бахшидан ба иштирокдорон барномаи фарҳангии кормадони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар пешкаш гардид. Рақсу шодии кормандони соҳаи тибби шаҳри Бохтар то дергоҳ идома ёфт.

3_1_0.jpg

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.