Намоишнома  ба ифтихори 140-солгаии Карим Девона

 Сол ба сол фаъолияти театри вилоятии  мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар-  беҳтару хубтар гардида, ҳунармандонаш  бо офаридани намоишномаҳои ҷолиб ва хусусияти тарбиявию ватандустона доштан мавқеи меҳвариашон-ро кайҳо миёни театрҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ  пайдо кардаанд.

  Қобили ёдоварист, ки  ин навбат  онҳо ба ифтихори 140-солагии шоири тоҷик- Карим Девона  аз руи асари Тӯрахон Аҳмадхонов  ва  китоби Ҳабибулло Назаров дар «Ҷусту ҷӯй Карим девона»    намоишномае-ро бо номи «Карим Девона» руи саҳна оварданд.

  Қурбонмуҳамад Шукуров  коргардон ва ба  саҳна гузорандаи  намоишнома  зимни мусоњиба иброз дошт, ки: Мақсади ассоси ин пеш аз ҳама бори дигар муаррифии худи ашъори шоир, рузгор ва осораш, ки вайро ҳатто ҷорчии халқ ҳам мегуфтанд ва аз ҷиҳати дигар мақсадам ин буд, ки дер боз мехостам болои хамин асар як  намоишномаеро руи саҳна орам ва хушбахтона ҳаминтавр низ шуд бо дастгирии  бевоситаи  Професор, устоди Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҳасани Муродиён  ва тамоми кормандони техникиву эҷодии театри вилоятии  мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар пайваста кор намудаю пасон руи саҳна овардем.

 Дар намоишномаи «Карим девона», ки аз руи асари Турахон Аҳмадхонов таҳия гаштааст,  ҳунарпешагон Қурбонмуҳамад Шукуров, Хоҷамқул Сатторқулов, Баҳодур Шарифов, Комил Бобиев, Аюб Фақиров, Момагул Раҳимова, Ганҷина Саидова, Фирдавси Турдиалӣ, Муҳаммадзоир Толибов, Саидзода Отахон, Мелибой Раҳматуллоев, Файзалӣ Ҳасанов, Муҳаммадӣ Шарифов,  Хунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов ва чанде дигарон   нақшофарӣ кардаанд.

   Умуман метавон ёдовар гардид намоишномаи «Карим Девона» басо тарбиявӣ буда, ҳамагонро барои якдигарфаҳмию муттаҳидӣ даъват менамояд.

                                                                                     

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.