Чорабини фарҳангӣ  ба ифтихори соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

 Рӯзи 9-август бо  эълон гаштани соли 2018 ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҳамзамон  доир ба фаъолияти  клубу китобхонаҳои деҳотӣ аз ҷониби Раёсати фарҳангӣ мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  дар шаҳру навоҳӣ озмуни вилоятии клубу китобхонаҳои деҳотӣ таҳти унвонҳои «Кохи маърифат» ва «Даргоҳи ҳунар» ҷараён дошт бо доираи васеи сокинон дар   кохи «Ватан» - и шаҳри Бохтар    ҷамъбаст ва натиҷагири карда шуд.

  Дар ин рӯз саҳни кохи «Ватан» ба идгоҳе мубаддал гашта буд, зеро китобдорон ва аҳли фарҳанг намоиши дастовези ҳунарҳои  мардумӣ ва намоиши китобӣ бо навиштаҷотҳои «Китоб  ганҷи бебаҳо», «Китоб сарчашмаи  донишу маърифат», «Ҳунар  беҳтар аз симу зар», «ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ»   дарбар мегирифт ба марази тамошои ҳамагон гузоштанд.

  Аз дастовардҳои аҳли илму фарҳанг муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар, раиси фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳониддин Раҷабов ва дигар меҳмонон дидан намуда ба дастандаркорони он хеле баҳои баланд доданд. Сипас барномаи  консертӣ аъзоёни маҳилҳои қасрҳои фарҳангӣ  ва клубҳои деҳотии 25 шаҳру ноҳияҳои Хатлон, ки сурудҳои  Ватан, Тоҷикистон васфи китобу сулҳу осоиштагиро инъикос менамуд то дергоҳ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд. Дар охир ба ғолибони озмуни вилоятии клубу китобхонаҳои деҳотӣ таҳти унвонҳои «Кохи маърифат» ва «Даргоҳи ҳунар» аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим  гардид.

  Таъсисдиҳандагони озмун иброз доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои  фарҳангию маърифатӣ чандин чеҳраҳои навинро бори аввал руи саҳнаи нав овард, ҳамзамон  қайд гардид чунин озмун ва фестивалҳои сатҳи баланд дар оянда боз тарҳрезӣ карда хоҳад шуд.

DSC_0338.jpgDSC_0403.jpgDSC_0427.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.