ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН НАЗАРРАСАНД

 Ҳамадонӣ. Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби 13130 гектар заминанд ва онҳо имсол аз ин  ҳисоб дар майдони 5685 гектар ғалладона, 5600 гектар пахта, 700 гектар сабзавот, 490 гектар полезӣ, 190 гектар картошка ва боз ба ҳамин монанд дигар зироатҳоро кишт намуданд.Айни ҳол 26868 тонна ғалла истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондод баробари 40,5 сентнер аз ҳар як гектарро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ дар заминҳои лалмӣ ба ҳисоби миёна ба 18 сентнерӣ расонида шудааст, ки нишондод дар вазъи имсолаи  табиӣ  нишондиҳандаи начандон  бад маҳсуб меёбад.Ниҳоят дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 143 346,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод дар нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ 2067, 0 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия  то имрӯз 909,3 тонна картошка, 1577,6 тонна сабзавот, 284 тонна маҳсулоти полезӣ ва 1687 тонна мевагиҳо истеҳсол намуда, ба ин васила нархи маҳсулотҳои зикршуда дар бозорҳои атроф ба маротиб паст гардид

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.