Афзоиши ҳосили картошка ва мева

 Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳафт моҳи гузашта хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон аз майдони 6623 гектар 109991 тонна картошка ҷамъоварӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37611 тонна зиёд мебошад.

 Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 27 июли соли ҷорӣ 170359 тонна картошка ғун шудааст, ки дар қиёс бо 7 моҳи соли гузашта 47799 тонна бештар аст. Дар мавсими имсола дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 27 июл дар ҷумҳурӣ майдони 8516 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд.

 Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки тайи ҳафт моҳи гузашта дар вилояти Хатлон 43006 тонна мева истеҳсол гардид, ки назар ба минтақаҳои дигари кишвар ҳосили бештар ба даст омадааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.