ҶАЗО БАРОИ ТЕРРОРИЗМ САХТТАР ШУД

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҷазоро барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ пирӯз мекунад, 

 Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ворид карда шуданд. Зери мафҳуми «сафедкунии фаъолияти террористӣ» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти оммавӣ оид ба дастгирии ин идеология фаҳмида мешавад. Баъди нашри Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст.

 Бояд зикр кард, ки Президенти мамлакат Кодекси ҷиноятиро дар таҳрири нав баъди 5 рӯзи ҳамлаи хунии гурӯҳи ҷавонон ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба имзо расониданд. Ҷинояти мазкур ҳамчун амали террористие, ки аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзат содир шудааст, эътироф гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.