ВОХӮРИИ СУДМАНД: Бо ҷавонони ноҳияи Вахш баргузор гардид

 Вахш. Дар ин мулоқот кормандони хифзи хуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷавонони фаъол ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар назди ҳозирин баромад карда, аз он ҷумла қайд намуданд, ки «Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дар он аст, ки мо аҳли ҷамоачигӣ аз як гиребон сар бароварда, даст ба дасти ҳам диҳем ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Ба онҳо ҳунар омӯзем, то онҳо дар зиндагӣ роҳи худро пайдо карда, аз пайи дарёфти луқмаи ҳалол бошанд. Агар ҷавонон дар зиндагӣ касбе аз худ намоянд, ҳунаре омӯзанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ҳар гуна ашхоси бегона нагардида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нахоҳанд шуд. Бар ин моро зарур аст, ки фарзандон, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, дар замири онҳо чун меҳри модар, муҳаббати Ватанро ҷой диҳем, то барояшон Модар-Ватан чун ҷон арзишманд бошад».  

 Ҳамчунин чанде аз ҷавонони фаъолони ноҳия дар назди ҳозирин баромад карда, фикру ақидаҳои хешро нисбати тарбияи ватандӯстии ҷавонон иброз доштанд.

1_2.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.