САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ КИШВАР БА ШАҲРИ КӮЛОБ

 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 8-уми август дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи  васеи фаъолони шаҳр, оиди вазъи имрӯзаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии  шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Сарвазири кишвар  дар доираи омодагиҳо, вобаста ба тадбиру ташабусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тадбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми майи соли 2018, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб изҳори андеша намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ҳар яки моро зарур аст, то ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, кишварамонро ободу шукуфон намоем. Иншоотҳои зиёде, аз қабили китобхонаву ҳамом, сартарошхонаву  кошонаи ҳусн, тарабхонаву меҳмонхона, боғу гулгаштҳо, ҷойҳои сайру сайёҳати оилавӣ,  корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби босифати ошомиданӣ,  номгӯи он амалҳоест, ки тӯли се соли дар пеш истода  бунёд намудани онҳо лозим меояд,-таъкид намуд Сарвазири мамлакат.

  Сипас баромади ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло,  дар хусуси рафти  омодагиҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб шунида шуд. Дар баромади номбурдаҳо дарҷ гардид, ки то истиқболи ҷашни Истиқлол дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёди 859 иншоот дар назар дошта шудааст.

 Дар ҷаласа қайд гардид, ки соҳаи саноати шаҳр ба қадри кофӣ рушд наёфта, вазъи имрӯзаи онҳо сахт нигаронкунандааст. Вобаста ба ин масъала Сарвазири мамлакат ба роҳбарони Вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои вилоятию минтақавӣ дастур доданд, ки баҳри баромадан аз ҳолати буҳронии  корхонаҳои шаҳри Кӯлоб, кӯмак намоянд.

 Дар кори ҷаласа раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилотҳои вилоятиву минтақавӣ ҳузӯр доштанд.

1_0.jpg2_1.jpg3_2.jpg4_1.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.