Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Қӯлоб: Рушд бахшидани соҳаи соҳибкорӣ

 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ барои соҳибкорон дар доираи лоиҳаи мини- грантҳои Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо доираи васеъи соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

 Нахуст дар кори семинари омӯзишӣ Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдухолиқ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгири давлатии соҳибкорӣ инчуин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи соҳибкорӣ, «Имтиёзҳои анозиву гумрукӣ барои соҳибкорону сармоягузорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурӣ» суханрони намуда ба соҳибкорони иштирок дошта дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

 Бояд иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш қайд намуд, ки рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати мамлакат мебошад зеро соҳибкорону хурду миёна хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи бо эътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ афзун намудани табақаҳои миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ мебошад.

Дар анҷоми семинари омӯзишӣ соҳибкорон суолҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

20180803_092852-300x225.jpg

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.