ПУШАЙМОНИ СУД НАДОРАД – намоиши филми «Решаҳои ноаён»

  Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Бохтар навори «Решаҳои ноаён» манзури тамошобинон гардонда шуд. Шумораи зиёди ҷавонон аз маҳаллаҳои шаҳр наворро тамошо карда, аз нақшаҳои фитнаангези ҳизби террористӣ- экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон воқиф гардиданд. Яке аз симоҳои шинохтаи ин ҳизб Сайид Қиёмиддини Ғозӣ баъди боздошт гӯё аз карда пушаймон шудааст. Ӯ бепарвоёна аз хусуси ба шаҳодат расидани 150000 ҷавонони тоҷик ҳарф мезанад. Ин хоини ватанфурӯш гӯё нав фаҳмидааст, ки ҳизби наҳзати исломӣ дасисакору фитнаангез буда, бо ҳар роҳу воситаҳо мехоҳад ҳокимиятро ба даст гирад. Ӯ ба тамошобинон насиҳат мекунад, ки бо ин ҳизби бадномшуда ҳеҷ иртиботе надошта бошанд.

 Аз тамошои навор ҷавонон хулосаҳои даркорӣ мебароранд. Онҳо хуб мефаҳманд, ки барои пойдории сулҳу суботи кишвар, баҳри ҳифзу ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гуна иғвою бӯҳтонҳои ғаразноки наҳзатиён бовар намекунанд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.