Амали разилонаро маҳкум мекунем

 Санаи 31-июл дар толори хониши оммави бо иштироки китобдорон ва хонандагон мизи мудавар дар мавзӯи «Амали разилонаро маҳкум мекунем» баргузор карда шуд.  Дар суҳбат муовини роҳбари китобхона Қ.Раҷабова  изҳороти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба сӯиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣро, ки дар сомонаи /АМИТ «Ховар»/ нашр шудааст ба ҳозирин қироат  ва таъкид намуд, ки  мо кулли ҳамдиёрон дар навбати аввал ҷавонон, аҳли зиёи вилоят, ва аъзоёни ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолонро даъват мекунем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазиронаи худро нисбат ба ҳама гуна падидаҳои зиддиҷамъиятии моҳиятан характери экстремистию террористӣ дошта намоиш диҳанд ва ба ҳама гуна бӯҳтону иғво зарбаи марговар зада, аз ҳар вақта бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд.

  Инчунин дар ин чорабини оид ба хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста ва барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ба иштирокдорон маълумотномаҳои мушахас дастрас гардонида шуд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.