Вокуниши аҳли зиёи вилояти Хатлон ба ҳодисаи нангини куштори сайёҳон рӯзи 29.07.2018

 Мо, аҳли зиёи вилояти Хатлон, амали нангине, ки  нисбати сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал оварда шуд, сахт дар изтироб буда, онро қотеъона маҳкум менамоем.

 Ин амали ғайриинсониро мо барои худ нанг ҳисобида, андуҳгин аз он ҳастем, ки нафаре чанд аз ҷавонони гумроҳи номусгумкарда ба васвасаи шайтонии хоҷагони худ дода шуда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳангие, аз қабили инсонгароӣ ва меҳмондӯстиро ки миллати сарбаланди тоҷик дорад, зери по карда, қасди ҷони нафарони бегуноҳ кардаанд. Ин амал моро бори дигар ҳушдор дод, ки экстремизму терроризм қудрати зиндамонӣ дар дилхоҳ муҳитро дошта, ҷавҳари ғайриинсонияшро ҳаргиз дигар намекунад. Аз ҳама аламовараш он аст, ки саркардагони он дастпарварони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, омодагӣ ва омӯзишҳоро таҳти мақсадҳои пардапӯшонаи ин ҳизби хиёнаткор дар кишварҳои бегона гузашта, бо амалӣ гушношид чеҳраи манфури худро ба ҷомеа нишон доданд. Ин нохалафон имрӯз берун аз кишвар даъвои ватандорӣ карда, дар дохили кишвар гумоштагонашон ба амалҳои ҷоҳилона даст зада, обуруи давлату миллатро паст мезананд. Имрӯз мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ин ҳизби хоин дар ҷомеаи бо аз байн рафта бошад ҳам, ҳанӯз пасмондаҳояш ҳамчун оризаҳои бемории хатарнок дар ҷомеа боқӣ мондаанд.

 Боварии кас намеояд, ки ҷаҳолат то он дараҷа фарогири ин аз худобаргаштаҳо шудааст, ки дар рӯзи равшан дар шароите, ки атроф пур аз шоҳидон буд, ба чунин амали касифонаи худ даст зада, ба обрӯи миллат дар назди бегонагон латма заданд. Кулли мардуми вилояти Хатлон аз ин амал дар ғазаб омада, аз рух додани он барои тарбияи чунин фарзандони нохалаф сархам гаштааст. Афсуси он модаре, ки ин ҳайвонтабиатҳоро ба дунё овард, афсуси ин сарзамин, ки ин нохалафҳоро дар домани худ тарбия намуд. Заҳр бошад он шире, ки модар ба ин хиёнаткорон дод.

 Дар шароите, ки Пешвои муаззами миллат бо талошҳои шабонарӯзии худ кӯшиш менамояд то Тоҷикистонро ҷаҳониён шиносанду, тоҷикро ҳамчун миллат эътироф намоянд, мутаассифона чунин курнамакҳо бо як амали ноҷавонмардона ва беномусонаи худ ин ҳамаро халалдор мекунанд.

 Ин амали нангин шаҳодати он аст, ки раванди  тарбияи фарзанд  дар замони имрӯза қотеият ва ҷиддиятро тақозо намуда, мутаассифона, на ҳамаи падару модарон ин хусусиятро ба инобат мегиранд. Ин аст, ки амали чанд нохалафе боиси сархамӣ ва хиҷолати аҳли ҷомеа мегардад.

 Мо медонем, ки мумкин ягон тасаллию дилбардорӣ таскини дарди наздикони фавтидагон нагардад, вале қарзи инсонии худ медонем, ки мавқеи худро нисбати ин ҳодиса қотеона муайян намуда, изҳори тасаллияти худро ба наздикони онҳо баён намоем. Мо мутмаинем, ки боқимондаҳои ин хоинон, ки ба даст афтодаанд, аз руйи қонун ҷазои сазовори худро мегиранд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.