Кӯшониён. То 30- солагии Истиқлолият беш аз 100 иншоот ба истифода дода мешавад 

Баҳри ҷалби соҳибкорони ватани ба ободу ободкорӣ ва саҳми беандозаи худашонро гузоштан барои пешрафти кишвари азизамон, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон Идигул Қосимзода вохӯрии судманд бо соҳибкорон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони як қатор ташкилотҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон Идигул Қосимзода иброз дошт, ки ҳар як фарди бо нангу ори кишвармон, бояд шукронаи сулҳу субот ва ободи диёри азизамонро кунад, ки имрӯзҳо кучаю хиёбонҳои мамлакатамон нисбати солҳои гузашта даҳо маротиба ободу зебо гаштааст. Соҳибкорони ватани иқдоми наҷиби Пешвои муаззамамонро ба хуби дарк намуда, баҳри ободии диёри зебоманзарамон чандин хонаҳои баландошиёна ва иншоотҳои маишию хизматӣ ба истифода доданд. Ба хотири ҷалби занони соҳибкор ва омӯзонидани занони хонашин ба ҳаргуна касбу ҳунарҳо аз тарфи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 соли охир, беш аз 14 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо занҳо низ худро дар канор нагузошта, дар баробари мардҳо ба соҳибкори машғул шуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафт ва ободонии диёри биҳиштосоямон мерасонанд” гуфт Идигул Қосимзода.

 Раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор иброз дошт, ки дар солҳои қабли барои соҳибкорони кишварамон мушкил буд, ки он маҳсулотҳои дар дохили мамлакатамон истеҳсол мегаштанд ба кишварҳои ҳамсоя содирот намоянд, зеро он роҳҳои мошингард, ки аҳамити байналмилалӣ доштанд фарсуда ва таъмирталаб буданд. Бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон азнавсозӣ гардида, соҳибкорони ватани имконияти фарох пайдо намуданд, ки ба кишварҳои ҳамсояро бо маҳсулотҳои дохили таъмин намоянд. Раиси ноҳия дар идомаи баромадаш ёдовар шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвармон аҳамияти калон дошта, барзгарони ноҳия дар солҳои охир ба як чанд дастовардҳои муҳим ноил гаштанд. Дар соли ҷорӣ соҳибкорони ноҳия ба кишварҳои хориҷа беш аз 30 ҳазору 200 тонна маҳсулотҳои кишварзӣ аз ҳудуди ноҳия содирот намуданд, ки сад дарсади дурнаморо ташкил медиҳад”, - афзуд ӯ

 Маҳманазар Хоҷаназаров яке аз соҳикборони ҷавони Ҷамоати “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки он дастуру супоришҳое ки аз тарафи Пешвои миллатамон ба мо ҷавонон дода мешавад, сармашқи кори худ қарор дода, пайи амалӣ гаштани он кӯшишу талош меварзем, ки ҳарчӣ зудтар онро ба анҷом расонем.

 “Аз ҳисоби маблағҳои худи дар деҳаи худ як бинои сартарошхона ва дорухона ба истифода медиҳам, зеро бештари сокинони деҳа аз набудани дорухона ва сартарошхона танқиси кашида барои харидории дору ё ин, ки тарошидани муйи сарашон маҷбур мешаванд, ки чандин километр роҳҳоро тай намоянд” гуфт ӯ. Ҳамчунин дигар соҳибкорони хурду миёнаи ноҳия дар ҳузури раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳури ваъда доданд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои хурду миёнаро мавриди истифода қарор медиҳанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.