Ҳамадонӣ. Сарчинкунӣ омили фаровонҳосилии пахта

 Дар парвариши пахта омили асосии фаровонҳосилӣ ин интихоби тухмии хушсифат, коркарди саривақтии байни қаторҳои пахта дар асоси қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи доруҳои минералӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида , таъмини намӣ, нармӣ ва гармӣ дар дараҷаи меъёр мебошанд. Инчунин, ягонаи саривақтиву босифат, тоза нигоҳ доштани пахтазор аз алафҳои бегона ва сарчинкунии (чеканка) пахтазор яке аз омилҳои асосие мебошанд, ки барои ба даст овардани ҳосили баланди пахта боис мегарданд.

  Сарчинкунии пахта дар вақти парвариши он дар сурати пайдо шудани 12-14 шохи ҳислдиҳанда гузаронида мешавад. Дар вақти гузаронидани марҳилаи сарчинкугӣ бояд ба ҳамаи талаботҳои агрономӣ риоя намуд. Дар вақти кандани нуқтаи собзиши ниҳоли пахта ба андозаи то як сантиметр ва шохаҳои паҳлугии ҳосилдиҳанда то як сантиметр онро дар борҷома (фартук) гирифта, чуқурӣ канда зери хок кардан даркор, чунки маҳз дар нуқтаи сабзиши ниҳол шапалаки кирми ғуза тухм гузошта он афзоиш меёбад. яъне ба сарчин кардани ниҳоли пахта мо як тараф ба тезтар пухта расидани куракҳои дар қисмати поёнии ниҳол пайдошуда шароит фароҳам оварем, дар қисмати болии ниҳол 5-6 кураи дигарро пайдо карда ҳосил мегирем ва аз тарафи дигар пайдоши ҳашароти зараррасон кирми ғузаро пешгирӣ менамоем. Бинобар ин, зарур аст, ки дар маъракаи сарчинкунӣ аз деҳқонони ботаҷриба ва бофаҳм истифода барем, чунки ин маърака дар назар сабуку осон менамояд, вале барои ҳосили фаровон гирифтан бисёр муҳим аст.

 Қисме аз навъҳои пахтае, ки кишт менамоем, аз қабили навъҳои хориҷии Флеш, Флора ва дигарон мувофиқи нишондодҳои селексионерӣ ба сарчинкунӣ эҳтиёҷ надоранд, вале ба ҳар ҳол дидан даркор, ки вобаста ба иқлим ва замину хоки ҳар қитъаи зарурати сарчинкунӣ бошад, сарчин кардан лозим аст, чунки на ҳамаи он тухмиҳое, ки кишт менамоем суперэлита ва ё элита буда, садфоиза тоза будани онҳо дар гумон аст ва дар байни онҳо навъҳое дида мешавад, ки ба сарчинкунӣ эҳтиёҷ доранд. Муҳлати сарчинкунӣ бо назардошти пахтаҳое, ки дер кишт карда шудаанд ва ё дар кишти такрорӣ кишт карда шуданд то 10 – август ва дар пахтаҳои барвақт киштшуда то 1-5 август муқаррар карда шудааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.