БОХТАР. ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛИҲО

 Рӯзи 28.07.2018  Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз тарафи раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

 Қабули шаҳрвандон ҳамеша бо фарогирии мавзӯҳои мубрами рӯз ва дастуру супоришҳои қатъиву дастгириҳо, инчунин мусоидат намудан дар ҳалли мушкилии сокинон сурат мегирад. Шаҳрвандон дар бораи қонуну қоида, тартиб ва тарзи гузаронидани қабули шаҳрвандрон аз тарафи раиси шаҳр маълумот доранд. Ин аст, ки ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Абдуалим Исмоилзода мувофиқи матлаб сурат мегирад. Дар робита ба ин масъала мутахассисони шуъбаи назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар изҳор доштанд, ки мувофиқ ба мушоҳида ва таҳлилҳо рӯз то рӯз фаҳмиши мардум боло меравад. Чанд рӯз қабл омада худро ба қайд мегиранд ва бо як тартибу интизоми хуб дар қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр иштирок намуда, арзу шикоят ва дарди дили худро мегӯянд.

 Имрӯз дар қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр сокинон ширкат карданд. Оид ба масъалаҳои муроҷиаткардаи онҳо муовинон, роҳбари дастгоҳ ва дигар масъулон баҳри мусоидат дар ҳалли мушкилиҳо вазифадор гардиданд. Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар ба муовинон, роҳбарони ташкилоту корхона ва раисони маҳалла таъкид дошт, ки ҳамеша баҳри дастгирии мурдум, мусоидат дар ҳалли мушкилии онҳо аз имкониятҳои мавҷуда бо хуби истифода кунанд ва ҳаргиз кӯмакрасониро дареғ надоранд. Агар чи рӯзҳои шанбе дари раиси шаҳри Бохтар ба сокинон кушодаасту озодона арзу шикоят ва мушкилии худро гуфта метавонанд, вале бояд, ки роҳбарони ташкилоту муассиса ва раисони маҳалла бо мардум боз ҳам наздиктар шуда, вазифаву уҳдадориҳои хешро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Яке аз вазифаҳои асосӣ ин ба дарди мардум расидан ва дар асоси талаботҳои қонун ба онҳо кӯмак кардан мебошад – гуфт, раиси шаҳр.

 Дар қисмати дигар оид ба тозагиву ободонӣ ва даъват намудани сокинон ба корҳои ҷамъиятӣ, махсусан тозагии кӯчаву маҳал, назди ташкилоту муассиса, хонаҳои баландошёна сухан рафт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.