Ҷаласаи шурои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм

 Рӯзи 28-июли соли 2018 дар ноҳияи Муъминобод ҷаласаи сайёри Шурои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарама Хидирзода Махфират, раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори вилояти баргузор гардид. Раиси ноҳия бо сухани ифтитоҳи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, дар бораи рушди туризм дар оянда гузориш дода, суханро ба раиси Шурои байниидораи дар вилоят Хидирзода Махфират дод. Дар рафти кори ҷаласа раиси Шуро мақомотҳои вилояти ва минтақавиро аз рафти корҳои баанҷомрасонидашуда пурсон шуд. Ҳамзамон раиси шурои ҳамоҳангсозии байниидорави дар вилоят барои рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ дастурҳои мушаххас дод. Аъзоёни Шуро аз мавзеҳои таърихии ноҳия дидан намуданд.

1532775958_8.png1532775937_3.png

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.