Левакант. 30%-и либосҳои мактабӣ омода шуд

 Коргоҳи дӯзандагии назди ҶДММ «Субҳи Сарбанд», сехҳои дӯзандагии «Мадина». «Мунис», «Ҳалима» ва маркази адрасбофии «Шоҳзамон»-и шаҳри Левакант бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дӯхти сару либосҳои мактабӣ 6637 адад шартнома баста, либосҳои мактабиро дар ҳудуди шаҳр дӯхта истодаанд.

 Тавре ки аз шаҳрдории Левакант иттилоъ доданд, то имрӯз зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ пеш пардохт гардида, 30%-и либос дӯхта шуд. Масъулини сехҳои дӯзандагӣ тасмим гирифтаанд, ки дар ду баст фаъолият намуда, то 15 август дӯхти сару либоси мактабиро пурра таъмин намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.