Либоси миллӣ шаъну шарафи духтари точик

 Левакант. Дар асоси накшаи чорабинихои Кумитаии иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант санаи 27-июл дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии ЛКСК шаҳри Левакант бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 таҳти унвони «Либоси миллӣ шаъну шарафи духтари тоҷик» мизи мудаввар баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумита, аъзоёни фаъоли ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», шахсони обрӯманд, роҳбарони ташкилоти ибтидоии маҳаллу деҳаҳои навтаъсис иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз карда, Истиқлолиятро яке аз неъматҳои пурарзиши миллӣ ба қалам дода, андешаҳои худро доир ба маънои озодӣ, шинохти худ ва миллат, расидан ба қадри ваҳдат ва суботи сиёсӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тарғиби ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ва арҷ гузоштан ба сару либоси миллӣ иброз намуд.

 Ш. Шомуддинова, Ф. Маснавиева, З. Баротова ва дигарон доир ба нақши занону ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ, тарғиби либоси миллӣ, фарҳанги либоспӯшии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, маъракаҳои тую сур, меҳмонӣ, сайру гашт ва ғайраҳо изҳори андеша намуданд.

Дар охир тарроҳони ҷавон либосҳои миллии тайёрнамудаашонро ба намоиш гузошта, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.