Баргузории нишасти матбуотӣ дар шуъбаи Раёсти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон

 Санаи 24 июли соли 2018 дар идораи шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон тибқи нақшаи таҳрезинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди «Ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ бо роҳбарони идораҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоят оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018» ва ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №1729, нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.

 Дар нишасти матбуотӣ роҳбарият, ҳайати шахсии  шуъбаи Раёсат ва мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят,  инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Ҷамъомади мазкур тариқи суолу ҷавоб сурат гирифта, хабарнигрон оид ба фаъолияти шуъбаи Раёсти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2018 суолҳо дода, аз ҷониби роҳбарият ҷавобҳои  қаноатбахш  гирифтанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.