Маҳсулотҳои пастсифат аз муомилот гирифта шуд

 Дар рафти як рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори як рӯза, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон фаъолият дорад, қонунвайронкуниҳои зиёде ошкор карда шуд.

 Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд тибқи нақшаи кории Сарраёсати номбурда дар доираи супориши Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ  ва таъмини амнияти санитарию эпидимологӣ як рейди муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори якрузаи ҷамоати деҳоти Уяли гузаронида шуд.

 Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитари ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидимиологи ба фуруши маҳсулотҳои хурока машғуластанд.

 Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулотҳои гушти ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти шири (дуғоб), ба талаботҳои санитарию эпидимологӣ ҷавобгуй набуда аз муомилот гирифта  шуданд.

 Инчунин барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидимиологӣ нисбати 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмури тартиб дода шуда ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабанди шуданд. Ғайр аз ин фаъолияти  9-адад иншоотҳои хуроки умуми аз ҷумла 2 ошхона, 1 дукони самбусапази, 4 адад нуқтаҳои тезтаёр, 2-нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои гушти, боздошт карда шуд.

 Манбаъ илова кард, ки дар оянда низ  чунин рейдҳои муштарак ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ  бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла РВКД дар вилояти Хатлон дар дигар бозорҳои якрӯзае, ки дар қаламрави минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, гузаронида хоҳад шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.